string(4) "test" МАВҚЕИ ТАҚДИМОТ ВА ПРЕЗЕНТАТСИЯҲО ДАР ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ | International Conference on Multidisciplinary Research
Skip to main navigation menu Skip to main content Skip to site footer

МАВҚЕИ ТАҚДИМОТ ВА ПРЕЗЕНТАТСИЯҲО ДАР ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Abstract

Ин мақола ба баррасии мавқеъ ва аҳамияти тақдимот ва презентатсияҳо дар омӯзиши забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Ҳадафи асосии тадқиқот муайян намудани манфиатҳо, мушкилот ва имкониятҳои ин усули таълим дар шароити муосири таълимӣ мебошад. Дар мақола хусусиятҳои барномаҳои гуногуни слайдтайёркунӣ, ба монанди PowerPoint, Google Slides ва Canva, афзалиятҳо ва камбудиҳои онҳо, инчунин, намунаҳои истифодаи тақдимотҳо дар омӯзиши адабиёт, фарҳанг ва грамматикаи забони тоҷикӣ таҳлил карда шудаанд. Ҳамчунин, роҳҳои беҳтар намудани самаранокии тақдимотҳо барои баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯён пешниҳод шудаанд. Хулоса мешавад, ки тақдимот ва презентатсияҳо, бо истифода аз унсурҳои визуалии гуногун, аз қабили видеоҳо, тасвирҳо , аниматсияҳо ва дигар элементҳои тасвир раванди омӯзиши забони тоҷикиро ҷолибтар ва муассиртар мегардонанд. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, муаллимон бояд донишҷӯёнро роҳнамоӣ кунанд ва барои рушди малакаҳои презентатсионии онҳо шароити  фароҳам оваранд

PDF

References

  1. Anderson, J. (2020). Effective Presentation Design. New York: Academic Press.
  2. White, T. (2023). Engaging Presentations: The Role of Design and Technology. Berlin: Springer.
  3. Patel, R. (2022). Innovative Business Presentations. Chicago: Pearson.